Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни тирандозӣ дар Туркия


Бар асари тирандозӣ дар назди консулгарии Амрико дар шаҳри Истанбул дасти кам шаш нафар кушта шуданд. Рӯзи чаҳоршанбе, 9 июл афроди мусаллаҳ ба кормандони пулиси назди сафорат оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба гуфтаи шаҳрдори Истанбул се ҳамлавар ва се корманди пулис ҷон доданд. Ду фарди дигар, аз ҷумла як корманди пулис, дар ин тирандозӣ маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлаварони мусаллаҳ бо мошин ба назди посгоҳи пулис дар назди дарвозаи аслии консулгарӣ омада ва ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG