Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар куштори Литвиненко даст надорад?


Кумитаи тафтишотии Додситонии Кулли Русия дар бораи нақши хадамоти кашфи кишвар дар заҳролудсозии собиқ корманди Хадамоти Федеролии Амният Александр Литвиненко дар Лондон иттилоъе надорад. Ин изҳороти намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Владимир Маркин дар посух ба гуфтаҳои як корманди воломақоми Хадамоти амниятии Бритониё садо дод, ки дар сӯҳбат бо Би-Би-Си ба имкони даст доштани Маскав дар куштори Литвиненко ишора карда буд. Ҳамсӯҳбати Би-Би-Си гуфт, “далелҳое мавҷуданд, ки тибқи онҳо метавон дар бораи даст доштани давлат дар ин амал ҳадс зад”.

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия аз ташреҳи ин гуфтаҳо худдорӣ кард. Александр Литвиненко моҳи ноябри соли 2006 бар асари заҳролудшавӣ аз маводи радиоактиви полониум-210 ба ҳалокат расида буд. Бритониё Андрей Луговой, собиқ афсари Хадамоти Федеролии Амнияти Русияро дар ин заҳролудсозӣ гумонбар медонад ва истирдоди ӯ ба Лондонро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG