Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ихроҷи нерӯҳои Амрикоро мехоҳад


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ мегӯяд, ӯ хоҳони таъйини ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ аст. Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ дар ҳоли музокирот доир ба созишномаи нави амниятӣ ҳастанд ва бори аввал аст, ки ҳукумати Ироқ масъалаи ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои Амрикоро матраҳ мекунад, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш ҳамеша мухолифи ин кор будааст. Созишномаи нави амниятӣ миёни Ироқу Амрико, маъмурияти Созмони Милал барои ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқро иваз мекунад, ки мӯҳлати он охири соли равон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG