Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла эълом дошт, ки шояд фаъолияти бонку ширкатҳои аврупоиро дар кишвар мамнӯъ эълон кунад. Гуфта мешавад, ки ин вокуниши Чавес ба қабули чораҳои шадид алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупост. Раҳбари Венесуэла ҳамчунин ҳушдор дод, ки содироти нафт ба Аврупоро коҳиш медиҳад ва ҳамчунин сармояи он кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро, ки дар баробари муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз чораҳои шадид кор мегиранд, мунҷамид месозад.
Моҳи гузашта Порлумони Аврупо қоидаҳои нави истирдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашонро пазируфт. Тибқи он, аз ҷумла, қабл аз истирдод муҳоҷирон ба муддати тулонитар дар боздоштгоҳҳои муваққат боқӣ хоҳанд монд.