Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин эътирозҳо дар арафаи нишасти G8


Сарони ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам барои ширкат дар нишасти G8 ё "гурӯҳи ҳаштгона" вориди Ҷопон мешаванд. Қарор аст, ки нишаст рӯзи душанбе дар фароғатгоҳи Тоякои канори шаҳри Саппоро – маркази маъмурии устони Ҳоккайдо шурӯъ шавад. Раҳбарони Бритониё, Олмон, Италиё, Канада, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон масоили марбут ба тағйири иқлим, болоравии қимати енерҷӣ ва маводи озуқаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар Саппоро ҳазорон мухолифини глобализатсия ё ҷаҳонишавии иқтисод низ ҷамъ омадаанд, ки мехоҳанд рӯзҳои нишасти Тояко намоишҳои эътирозӣ доир кунанд. Аввалин намоиши эътирозии онҳо дирӯз доир шуд ва дар он тақрибан 5 ҳазор нафар ширкат доштанд. Полис чаҳор нафар, аз ҷумла, наворбардори "Ройтер"-ро боздошт кард.
XS
SM
MD
LG