Дар фосилаи даврҳои аввал ва дувуми интихоботи президентии Зимбабве 86 тарафдори фаъоли мухолифон кушта ва 200 ҳазор нафари онҳо аз хонаҳояшон ронда шуданд. Раҳбари мухолифон Морган Тсвангирай маҷбур шуд дар сафорати Ҳолланд дар Ҳараре, пойтахти Зимбабву паноҳ барад.
Тарафдорони президент метавонанд, фахр кунанд, ки барои интихобот беҳтарин фазо ва шароитро фароҳам оварданд. Акнун Роберт Мугобе бе дарди саре дигарбора президенти Зимбабве таъин хоҳад шуд. Таъин, зеро маъракаи мазкурро интихобот гуфтан номумкин аст.
Вазири умури хориҷии Бритониё Дейвид Милибанд дар нишасти хабарии ҳашт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Киотои Ҷопон дар ин бора гуфт: "Ҳукумат далели ҳуқуқие надорад, ки ҳодисаҳои имрӯзаро интихобот номад. Зеро ин маъракае буд, ки дар ҳама соҳааш яктарафа ҷараён гирифт. Зулми яктарафаи режим, таблиғоти яктарафаи як номзад, ташкили яктарафаи овоздиҳӣ ва ғайра. Барои Бритониё комилан рӯшан аст, ки ҳукумати Зимбабве қонунӣ намебошад."
Ҳамроҳ бо Милибанд, вазири корҳои хориҷии Амрико, Кондолиза Райс низ дар ин бора изҳори назар кард ва гуфт, кишвараш барои қадами баъдӣ бо давлатҳои узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва Иттиҳоди Африқо машварат хоҳад кард.
Президент Мугобе қаҳрамони муборизаи мардуми Зимбабве барои истиқлолият ва падари сулҳу ваҳдати миллии ин кишвар 25 сол аст, ки аз курсии раёсатҷумҳурӣ ҷудо шудан намехоҳад. Вай хушунат ва зӯроварии тарафдоронашро дар муқобили онҳое, ки фикри мухолиф доранд, нодида мегирад, ки ба маънии пуштибонӣ аз онҳо буда метавонад.
Солҳои охир вазъи зиндагии мардум дар Зимбабве асосан бо сабаби нокомии барномаи иқтисодии Мугобе ва густариши фасоду ришват ва қисман зимни таҳримҳои байнулмилалӣ ба бадтарин нуқтаи бӯҳрон расидааст. Ин ҳолат яке аз сабабҳое буд, ки аксарияти интихобкунандагон дар овоздиҳии моҳи март аз раҳбари оппозисюн Морган Тсвангирай пуштибонӣ карданд. Ҳукумат шумориши раъйҳоро ба таъвиқ гузошт ва дар ниҳояти кор ба баргузории давраи дувуми интихобот ризоият дод.
Ёвари кумиссари полиси Зимбабве Фаустино Мазанго рӯзи панҷшанбе Тсвангирай ва тарафдорони ӯро дар тарҳрезии хушунатҳои пасоинтихоботӣ айбдор кард. Мазанго гуфт, "мақомоти Зимбабве иттилоъ ёфтаанд, ки Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақша доранд бо истифода аз Ҷунбиши Тағйироти Демократии Тсвангирай ва созмонҳои маданӣ тазоҳуроти хушунатомез барпо карда, раванди интихоботро баҳам зананд."
Худи Тсвангирай нашри маколаеро бо имзои ӯ, ки дар он ба мудохилаи ҳарбии таҳти сарпарастии Созмони Милал даъват шудааст, рад кард.
Сухангӯи Ҷунбиши Тағйироти Демократии Зимбабве Нелсон Чамиса вазъи феълии кишварашро ин гуна шарҳ дод: "Мо режиме дорем, ки зӯровариро асоси сиёсати худ қарор додааст ва ҳеч забони дигареро намефаҳмад. Агар кишвар аз шумо пуштибонӣ мекарда бошад, чаро мардумро латукӯб мекунед? Мугобе дар ҳоли шикаст аст ва ба андозае ки қонунмандии ӯ аз байн меравад, зӯроварияш бештар мешавад. Вай то рафт хашинтар ва маъюстар мешавад. Қадами охираш низ ба ҳамин сабаб аст ва ин ҳама хеле хатарнок мебошад."
Дар ҳоле ки ҳукумати Зимбабве аз ширкати умумимардумӣ дар интихобот ҳарф мезанад, чанде аз кишварҳои Африқо ин интихоботро танқид карданд, ки ба ҷои эътидолофаринӣ дар фазои сиёсии Зимбабве ташаннуҷи бештареро ба миён меорад.