Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимбабве: интихобот бо хунрезӣ ва зургӯӣ


Президенти Зимбабве Роберт Мугабе мегуяд, “танҳо худо метавонад маро аз курсиам барканор кунад"
Президенти Зимбабве Роберт Мугабе мегуяд, “танҳо худо метавонад маро аз курсиам барканор кунад"

Раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе эълом кардааст, ки даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвараш 27-уми июн баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки вазъи ин кишвар ва усули баргузории интихобот дар он мавриди интиқодҳои шадиди ҷомеъаи байнулмилалӣ қарор гирифтааст. Зимни суханронӣ дар баробари тарафдоронаш сарвари ин кишвари африқоӣ изҳор намуд, ки “Лондону Вошингтон метавонанд ҳар қадар хоҳанд, садо баланд кунанд, аммо новобаста ба ин раъйдиҳӣ доир хоҳад шуд”.

Ин дар ҳолест, ки аъзои Шӯрои Амнияти СММ рӯзи душанбе бо як садо баён намуданд, ки бо сабаби хушунат ва маҳдудиятҳо дар фаъолияти мухолифини давлат баргузории интихоботи озод ва мунсифона дар Зимбабве имконнопазир аст. Қаблан сарвари мухолифин Морган Тсвангирай аз ширкат дар даври дуюми интихобот даст кашид. Вай гуфт хавф дорад, ки шумораи бештари ҷонибдоронашро мавриди зуроварӣ қарор медиҳанд. Дар айни ҳол Тсвангирай дар сафорати Дания паноҳ ёфтааст.

Баёнияи Шурои Амнияти СММ марбут ба Зимбабве бесобиқа буда, нигаронии афзоишёбандаи байнулмилалӣ дар мавриди таҳаввулоти ахири сиёсии кишварро инъикос мекунад. Аз даври аввали интихобот дар моҳи март, шумораи зиёди мухолифини зимбабвегӣ кушта ва ҳазорон нафар аз хонаҳояшон ронда шуданд.


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун вазъи ба амал омадаро ин гуна тавзеҳ дод: “Барои баргузории интихоботи озод ва мунсифона дар Зимбабве дар айни ҳол шароит мавҷуд нест. Хушунат ва таҳдидҳо беҳад зиёд аст. Раъйгирие, ки дар чунин шароит доир мегардад, мунсифона нахоҳад буд”.

Номзади мухолифин Морган Тсвангирай аз интихобот даст кашида, ба сафорати Дания дар Зимбабве паноҳ бурдааст

Бо вуҷуди ин, ки шеваи баёния сахтгирона аст, баъзе кишварҳо хоҳони боз ҳам тақвият додани он буданд. ИМА, Бритониё ва кишварҳои дигар мехостанд ҳукумати Мугабе дар муташанниҷ сохтани авзоъ гунаҳкор дониста шавад ва сарвари мухолифин Тсвангирай то баргузории интихоботи мунсифона раисиҷумҳури кишвар эълон гардад. Аммо Африқои Ҷанубӣ, Чин ва Русия, ки дер боз мухолифи таҳримоти СММ алайҳи Зимбабвеанд, ба чунин матни баёния розӣ нашуданд.


Баъзе раҳбарони кишварҳои африқоӣ низ ба Зимбабве фишор меоранд. Ҳамин тавр раисиҷумҳури Сенегал Абдуло Ваде ва раиси ҳизби ҳокими Африқои Ҷанубӣ Ҷакоб Зума даъват карданд, ки интихоботи рӯзи ҷумъа ба таъхир гузошта шавад. Зума инчунин ба дахолати артиши СММ ва кишварҳои минтақа даъват намуд. Аммо ба назар мерасад, ки Мугабе интиқоди тақвиятёбандаи байналмилалиро нодида мегирад. Ӯ ҳамаи иддаҳоеро, ки гуё масъулияти сар задани хушунатҳо баъд аз шикасташ дар даври аввали интихобот бар дӯши тарафдоронаш аст, рад мекунад.


Мугабе бохташро пазируфт, аммо гуфт, ки Тсвангирай натавонист беш аз 50 дарсади орои заруриро касб кунад ва ӯ наметавонад барандаи интихобот эълон шавад. Мугабе, ки аз замони мустақил шудани Зимбабве дар соли 1980 ба сари қудрат омадааст, ҳоло мегуяд, ки “танҳо худо метавонад ӯро аз курсиаш барканор кунад”. Сафири ҳукумати Мугабе дар СММ Бонифайс Чидяусику эълом намуд, ки раъйдиҳии рӯзи ҷумъа, тавре ки пешбини шудааст, баргузор хоҳад шуд.


Дар ҳамин ҳол номзади мухолифин Морган Тсвангирай гуфтааст, ки феълан дар сафорати Дания боқӣ хоҳад монд. Вай аз рӯзи якшанбе ба ин тараф, баъди тасмими адами ширкаташ дар интихобот дар сафорати Дания ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG