Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони Туркманбошӣ хароб карда шуд


Мақомоти Туркманистон дирӯз дар баробари дипломатҳои хориҷӣ сохтмони зиндони низомаш шадидеро хароб карданд. Зимни суханрониаш дар маросиме дар бандари Туркманбошии Дарёи Хазар вазири умури дохилаи ин кишвар Оразгелдӣ Онамуродов гуфт, ки чунин иқдом ба маънои таҳкими волоияти қонун ва интизом дар аҳди раиси ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гирифта шудааст. Зиндони Туркманбошӣ соли 1949 сохта шуда бо утоқҳои семетраи хурдаш маъруф будааст. Шумори дақиқи зиндониҳо дар Туркманистон мушаххас нест ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки шумори маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар ҳамоно хеле зиёд аст.

XS
SM
MD
LG