Як генерали баландпояи НАТО гуфт, ки барои мубориза бо ҷангиён дар Афғонистон 6000 нирӯи иловагӣ лозим аст ва дар сурати афзоиш наёфтани шумори нирӯҳо, ҳузури низомии хориҷиҳо дар Афғонистон ба дарозо кашида мешавад. Генерали олмонӣ Эгон Раммс гуфт, агар кишварҳои эътилоф ҳоло шумори нирӯҳоро афзоиш надиҳанд, фардо қимати хеле баландро дар баробари ин ҷанг пардохт хоҳанд кард. Вай гуфт, ки сарбозони НАТО бояд мавқеъҳои муайянро дар хоки Афғонистон таҳти назорати худ дароранд. Феълан дар хоки Афғонистон ҳудудан 60 ҳазор сарбози хориҷӣ хизмат мекунананд, ки аксари онҳо аз нирӯҳои амнияти байналмилалии таҳти сарпарастии НАТО намояндагӣ мекунанд. Дар ду соли охир вазъи амниятии Афғонистон рӯ ба таназзул овардааст.