Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъудия: "Захираҳои нафти ҷаҳон кофӣ аст"


Вазири нафти Арабистони Саъудӣ Алӣ Ан-Нуаймӣ гуфт, ки ҷаҳон дорои миқдори зарурии нафти хом мебошад, ки барои даҳсолаҳои дигар кифоят мекунад. Дар нишасти тавлидкунандаҳои нафти ҷаҳон дар Ҷидда Ан-Нуаймӣ гуфт, ки кишвари вай ният дорад, ҳаҷми тавлиди нафтро рӯзона аз 9,5 миллион бушкаи имрӯза ба 15 миллион бушка расонад. Шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ гуфт, ки сабабгори аслии болоравии қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ савдогарон ва молиёт мебошад.
XS
SM
MD
LG