Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барадеъӣ: Агар ба Эрон ҳамла шавад, истеъфо медиҳам.


Раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Муҳаммад Ал-Барадеъӣ мегӯяд, дар ҳоли зарбаи низомӣ ба Эрон вай аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод. Вай меафзояд, чунин ҳамла минтақаро ба як тӯби оташин табдил хоҳад дод. Ҳамзамон, Барадеъӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Ал-Арабия рӯзи ҷумъа Эронро "як хатари фаврӣ ва сангин" номид. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" ба нақл аз мақомоти Иёлоти Муттаҳида навишт, размоишҳои аввали ин моҳи Исроил зоҳиран машқе барои зарба ба иншооти ҳастаии Эрон будааст.
XS
SM
MD
LG