Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи дувуми Сангтӯда-1 омода шудааст


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 23 июн агрегати дувуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 озмоиш мешавад. Ба гуфтаи онҳо, қарор аст, ин бахши нерӯгоҳ дар аввали моҳи июл ба тавлиди барқ шурӯъ кунад. Дар ҳоли ба кор сар кардани ҳар чаҳор агрегати нерӯгоҳ иқтидори он ба 1 миллиарду 200 ҳазор киловат дар соат энержӣ баробар хоҳад гашт. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 барномаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, 75 дарсади он ба Русия ва 25% ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бунёдкорони нерӯгоҳ хостааст, онро ҳарчӣ зудтар ба истифода диҳанд, то аз мушкили бебарқии мардум дар зимистони оянда пешгирӣ шавад. Аммо бинокорон мегӯянд, нерӯгоҳ бо иқтидори комилаш танҳо дар моҳи яенвари соли оянда ба кор хоҳад пардохт. Оғоз ба кор кардани он дар зимистони гузашта бӯҳрони энержии Тоҷикистонро сабук накард.
XS
SM
MD
LG