Маҷлиси намояндагони Амрико бо ихтисоси 162 миллиард доллар барои амалиёти низомии ҳукумати Ҷорҷ Буш дар Афғонистону Ироқ то охири мӯҳлати раҳбарии вай дар моҳи январи соли оянда розӣ шуд. Қарори мазкур, ки аз пуштибонии Буш бархӯрдор аст, бояд рӯзҳои наздик дар Сенат баррасӣ шавад.