Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви раводиди Русия барои "шӯравиҳо"-и Балтика


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев муқаррароти раводид ё визаро барои шаҳрвандони шӯравии собиқ дар Латвияву Эстония, ки аз шаҳрвандии ин кишвари Балтик бархурдор нестанд, бекор кард. Ҳамакнун, тибқи қарори Медведев, собиқ шаҳрвандони Иттифоқи советӣ, ки дар ин ду ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, ҳақи вуруд ба қаламрави Русияро бидуни виза, аммо бо паспортҳои ашхоси бидуни шаҳрвандии Латвия ва ё бо паспорти шаҳрванди хориҷии Эстония ба даст меоранд. Русия мегӯяд, ки русзабонҳои ин ду ҷумҳурӣ бо маҳдудиятҳои зиёд рӯбарӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG