Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана бо мақомоти Эрон музокирот анҷом дод


Ҳовиер Солана, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо мақомоти Эрон дар робита ба қазияи барномаи ҳастаии кишвар музокирот анҷом дод. Зимни ин гуфтушунид дар Теҳрон Солана ба раҳбарони Эрон бастаи нави пешниҳодҳои "шашгона" – панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмонро тақдим кард. Дар ин баста ба Теҳрон дар ивази қатъи барномаи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниум ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши энерҷии ҳастаӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ пешниҳод шудааст.

Ва аммо имрӯз намояндаи ҳукумати Эрон Ғуломҳусейн Илҳом гуфт, ки "мавзӯъи қатъи барномаи ҳастаии кишвар наметавонад мавриди баррасӣ қарор гирад". Эрон иттиҳоми Ғарб дар бораи талоши дастёбӣ барои силоҳи ҳастаиро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар аҳдофи осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG