Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофот ва ҳамдигарфаҳмиҳои НАТО ва Русия


Яап де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ҳамкориҳои ин паймон бо Русия дар маҷмуъ хуб аст, вале ихтилофи назар роҷеъ ба масоили калидӣ ҳамчунон боқӣ мондааст:
"Муттаҳидон ва Русия роҷеъ ба масоили маълум ҳамчунон ихтилофи назар доранд. Ин масоил тавсеъаи НАТО, Нируҳои маъмулӣ дар муъоҳидаи Аврупо, дифоъи мушакӣ, масъалаҳои Косово ва Гурҷистон мебошанд".
Ба гуфтаи оқои Скеффер, масоиле, ки роҷеъ ба онҳо бо Руссия ҳусни тафоҳум ба даст омадааст, парвозҳои ғайринизомӣ, дифоъи зидди тероризм ва масъалаи мушакҳои бурди кутоҳ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG