Имруз Ҷопон муҳлати ҳамлу нақли ҳавоии худ ба Ироқ ва фаъолияти зидди террорстии нируҳои низомии худ дар уқёнуси Ҳиндро тамдид кард. Муҳлати ҳамлу нақли ҳавоӣ ба Ироқ, ки моҳи июл ба поён мерасад, барои як сол ва муҳлати фаъолияти киштиҳои низомӣ дар уқёнуси Ҳинд барои шаш моҳ тамдид шуд. Нобутака Махимура-сухангуи ҳукумати Ҷопон гуфт, ҳафтаи гузашта Ҷопон ҳамчунин масъалаи фиристодани нируҳои худ ба Афғонистонро, ки дар амалиёти ҷангӣ ширкат нахоҳанд кард, мавриди баррасӣ қарор додааст.