Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: таҳдиди Ғарб ноком шуд


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, таҳдиду фишори мамолики ғарбӣ натавонист Эронро аз татбиқи барномаи ҳаставиаш нигаҳ дорад. Ба қавли Аҳмадинажод Эрон пирӯз шуд ва президенти ИМА Ҷорҷ Буш нахоҳад тавонист, ки ҳатто ба як сантиметр хоки Эрон зиён расонад.
Шарҳи Аҳмадинажод як рӯз пас аз ҳушдори мамолики ғарбӣ интишор шуд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо иброз доштаанд, ки агар Теҳрон даъвоҳои ҳаставиашро канор нагузорад, онҳо таҳрими Эронро тавсеа мебахшанд. Сарфи назар аз раддияҳои Теҳрон кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG