Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар Олмон


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш дар идомаи сафари ба эҳтимоли ғолиб охирини худ ба Аврупо ба ҳайси раҳбари кишвараш имрӯз вориди Олмон шуд. Қарор аст дар мулоқот бо садри аъзам Ангела Меркел ӯ роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон, роҳҳои муқобила бо тағйироти иқлим ва болоравии қимати нафт сӯҳбат кунад. Буш баъди Словения вориди Олмон шуд. Дар пойтахти ин кишвар шаҳри Любляна вай дар нишасти Амрикову Аврупо иштирок кард, ки дар ҷараёни он тадбирҳои иловагии муҷозоти Эрон барои ғанисозии ураниум баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG