Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чингиз Айтматов аз дунё даргузашт


Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз имрӯз бар асари маризии илтиҳоби шуш аз дунё даргузашт. Адиб се ҳафта пеш баъди хуруҷи маризӣ ҳангоми навори як филми мустанад дар Қазон, пойтахти Тотористон ба яке аз бемористонҳои Олмон интиқол ёфта буд. Асарҳои Айтматов “Ҷамила”, “Устоди аввалин”, “Ниҳолаки румолсурхаки ман”, “Сафинаи сафед” ва дигар роману қиссаҳояш ба даҳҳо забон тарҷума ва миллион нусха нашр шудаанд.
Чанд рӯз пеш вазоратҳои фарҳанги кишварҳои туркзабон ва Тоҷикистон Чингиз Айтматовро барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешбарӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG