Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба музокироти Сербистону Косово даъват кард


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дирӯз дар изҳороте ба даври нави музокироти миёни Косовову Сербистон даъват кард. Вай гуфт, "Эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово боиси баэътидол омадани вазъ нашудааст". Вазири рус гуфт, ки тасмими Косово бояд дар чаҳорчӯби муқаррароти СММ ва дар ҳузури Сербистон гирифта шавад. Русия, ки шарику пуштибони Сербистон мебошад, истиқлолияти Косоворо моҳи феврал ба расмият нашинохт.
XS
SM
MD
LG