Чаҳор созмони аслии ғайриҳукуматӣ барномаҳои мақомоти Ӯзбакистонро барои ташкили ҳамоише дар мавзӯи озодии баён чун як нақшаи, ба қавли онҳо, махараомез танқид карданд. Дар изҳороти муштараки ин созмонҳо - Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони ҳуқуқи башар, Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо, Институти Ҷомеаи кушод ва Гузоришгарони бидуни марз - бо таъкид ба маҳдудиятҳои озодии баён ва таъқиби журналистон дар Ӯзбакистон иқдоми мақомот шадидан маҳкум мешавад. Дар баёнияи ин созмонҳо омадааст: "Семинари байналмилалии озодии матбуот дар ҷомеаи демократӣ", ки 9-10 июн дар Тошканд ҷараён мегирад, як "намоишкории таблиғотӣ" аст". Дар изҳорот омадааст, онҳое, ки аз вазъи озодии баён бо назари интиқодомез ёд карда, нишондодҳои шармандавори ҳукумати Ӯзбакистонро дар ин маврид фош мекунанд, барои ширкат дар ин ҳамоиш роҳ дода нашудаанд.