Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Афғонистон аз Покистон


Дар пешорӯи сафари вазири хориҷаи Покистон ба Кобул, раҳбари сиёсати хориҷии Афғонистон Рангин Додфари Спанто мақомоти Покистонро барои кӯшиши бастани созишномаи сулҳ бо қабилаҳои тарафдори Толибон дар манотиқи марзии Покистон бо Афғонистон танқид кард. Дар сӯҳбат бо ширкати садову симои ББС Спанто гуфт, сиёсате, ки ба ором кардани Толибон равона шудааст, иштибоҳӣ аст. Вай гуфт, сиёсати таъмини ҷангиён бо паноҳгоҳе дар қаламрави Покистон ҳамлаҳои бештарро болои Афғонистон ангезиш медиҳад. Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Покистон гуфт, ки раҳбари ин ниҳод Маҳмуди Қурайшӣ ният дорад, бо мақомоти афғонӣ масъалаи ҳамлаҳои мушакии марзиро болои ҳадафҳо дар манотиқи марзии Покистон, ки аз ҷониби нирӯҳои амрикоиву афғонӣ анҷом шудааст, баррасӣ кунад. Вазири хориҷаи Покистон дар Кобул бояд бо ҳамтои афғонии худ ва раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳомиди Карзай дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG