Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Медведев аз сӯъитафоҳум бо Ғарб


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар ҷараёни боздидаш аз Олмон дар Берлин гуфт, ки ӯ аз сӯъитафоҳумҳо дар равобити байни Маскаву Ғарб пиромуни масоили амниятӣ дар ташвиш аст. Оқои Медведев, ки дар нишасти бо садри аъзами Олмон Ангела Маркел муштараки хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, танишҳои фазоянда байни Русия ва Ғарб дар масоиле, чун сиёсати Евро-Атлантик, аз ҷумла рӯи паймони коҳиши нирӯҳои мусаллаҳ дар Аврупо ва густариши паймони низомии НАТО ба самти марзҳои Русия, мояи нигаронии ӯ шудаанд: Моро равандаи коҳиши марзҳои ҳусни тафоҳум дар мавриди сиёсати Евро-Атлантик дар ташвиш андохтааст. Ва, албатта, мушкилоти дигар ҳам боқӣ мондааст, ки мо пиромунаш сӯҳбат кардем. Ин мушкилот масоили амнияти умумии Аврупо, аз ҷумла барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакӣ, ҳамчунин масоили марбут ба Созишномаи силоҳҳои маъмулӣ ва тавсиъаи НАТО-ро дар бар мегирад.”Сафари Медведев ба Олмон нахустин сафари ӯ ба Ғарб ба ҳайси раисиҷумҳури ҷадиди Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG