Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармшавии иқлим дар Олмон баррасӣ мешавад


Имрӯз дар Олмон нишасте баргузор мешавад, ки ба баррасии мавзӯи гармшавии иқлим тахассус мегирад. Нишасте ба раҳбарии ИМА дар Бонн дуюмин бахше аз ҳашт ҳамоиши банақшагирифташуда маҳсуб меёбад, ки ҳадафаш қабули созишномае дар масъалаи коҳиши зарарҳо аз гармшавии иқлим мебошад. Ин созишнома бояд баъди анҷоми мӯҳлати Протоколи Киото, ки то соли 2012 амал мекунад, ба ҳукми иҷро медарояд. Қарор аст, дар нишасти имрӯзаи Олмон сухан аз чолишҳои нав равад, ки ба қавли мунаққидон, ба болоравии қимати ғизо ва энержӣ робита мегирад.
XS
SM
MD
LG