Эрон мегӯяд, агар дар ҷараёни сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Италия мақомоти ин кишвар ва ё пешвои калисои католики романӣ хоҳиши мулоқот бо ӯро иброз намоянд, Ҷумҳурии исломӣ имкони ташкили чунин мулоқотро арзёбӣ хоҳад кард. Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадалӣ Ҳусейнӣ гуфт, агар мақомоти баландпояи он кишвар барномаи ташкили чунин мулоқотро дошта бошанд, мо онро баҳс хоҳем кард.
Аҳмадинажод нақша дорад, ҳафтаи оянда дар нишасти раҳбарони давлатҳо дар чорчӯби Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар пойтахти Италия баргузор мегардад, ширкат варзад.
Аҳмадинажод нақша дорад, ҳафтаи оянда дар нишасти раҳбарони давлатҳо дар чорчӯби Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар пойтахти Италия баргузор мегардад, ширкат варзад.