Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса хостори нақши бештари ИА дар Ироқ шуд


Вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер, ки бо як сафари қаблан эълоннашудаи дурӯза вориди Ироқ шуд, дар мулоқот бо Одил Абдулмаҳдӣ, ноиби раисиҷумҳури Ироқ, дар шаҳри Носирия тарҳҳои сармоягузорӣ ба бозсозии Ироқро баҳс кардааст. Фаронса, ки моҳи июл, ба курсии раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупо менишининад, хостори нақши бузургтари ИА дар барномаҳои эъмори муҷаддади Ироқ шуд.

Фаронса ҳамчунин мизбонии як анҷумани оштии миллии Ироқро ба он ҷониб пешниҳод кардааст.

Тайи сафари дурӯзааш, Бернард Кушнер ҳамчунин дар Арбил, дар шимоли Ироқ, дар расми ифтитоҳи консулгарии Фаронса ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG