Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббиёни аврупоӣ барои омӯзиши пулис дар Афғонистон


Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо розӣ шудаанд, ки шумораи мураббиёни низомии худро барои машқу тамрини пулис дар Афғонистон ду баробар афзоиш диҳанд. Дар ин бора дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви ин иттиҳод дар Бруссел тасмим гирифта шуд. Тибқи тавофуқоти мавҷуда иттиҳод метавонад барои муддати тулонӣ шумораи омӯзгорони низомии худро барои омӯзиши кормандони пулис то 400 нафар афзоиш диҳад. Ин омӯзгорон дар таълими пулиси Афғонистон ва машварат ба мақомоти пулис кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG