Ҷимӣ Картер-раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфтааст, Исроил дастикам 150 адад аслиҳаи ҳастаӣ дорад. Оқои Картер ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ ҳангоме изҳор дошт, ки аз вай дар бораи хатари ҳастаии Ирон суол карданд. Ба бовари аксарият, Исроил аслиҳаи ҳастаӣ дорад, вале мақомоти Исроил ҳеҷ гоҳ онро эътироф накардаанд. Мақомоти Амрико низ солҳо саъй карданд ҳамин равишро дар баробари ҷомеъа нигоҳ доранд.