Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюсел ба музокирот бо Маскав омодагӣ мегирад


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Брюсел мавзӯъи оғози музокирот оид ба қарордоди нави ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта Литва ветои худ дар робита ба гуфтушуниди Иттиҳодияи Аврупо бо Маскавро лағв кард ва акнун, ба иттилоъи Брюсел, барои шурӯъи музокирот монеъае мавҷуд нест.

Дар мулоқоти вазирони хориҷа мавзӯъи равобити наздиктари Иттиҳодияи Аврупо бо Укроин, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG