Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои Русия ба сиёсатмадорони Укроин


Ҳукумати Русия мегӯяд, ҳар сиёсатмадори укроиниро, ки ё бо амалкард ва ё гуфтаҳояшон ба Русия осеб мерасонанд, ба ин кишвар роҳ нахоҳад дод. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Укроин ба Юрий Лужков мири шаҳри Маскав иҷоза надод, то ба он кишвар ворид шавад. Ҳукумати Укроин барои он чунин рафтор кард, ки Юрий Лужков гуфт, шаҳри бандарии Севастополи Укроин, ки пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия аст, бояд ба қаламрави ин кишвар баргардонида шавад.

XS
SM
MD
LG