Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Гурҷистон поён ёфт


Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон поён ёфт.

Дар интихобот 12 ҳизбу эътилоф ширкат доштанд. Бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти курсиҳоро ғолибан ҳизби президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили хоҳад бурд.

Аммо аҳзоби мухолиф мақомоти Гурҷистонро дар қасди тақаллуби интихобот айбдор карда, изҳор доштанд, ки дар чунин сурат даст ба эътироз хоҳанд зад. Бо ин ҳол, Кристиан Строҳал, мудири дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА имрӯз дар як ҳавзаи раъйдиҳӣ дар Тифлис гуфт: “Ба фикри ман, мардуми гурҷӣ чандин бор тааҳҳуди худ ба интихоботи демократиро рӯшан намоиш доданд. Ман мӯътақидам, ки ин ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.”

Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон дар пасманзари танишҳои шадиди байни Тифлису Маскав бар сари минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ доир шуд.

Дар рӯзи интихобот дар марз бо Абхозистон байни нирӯҳои гурҷӣ ва ҷудоиталабони абхоз як даргирии сангин рух дод, ки дар асари он 2 нафар замхӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG