Вазорати умури дохилаи Ироқ мегӯяд, ки кормандони пулис яке аз раҳбарони аршади гурӯҳи “Ал-Қоида” дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли кишварро боздошт кардаанд. Генерал-майор Аҳмад Таҳа гуфт, ки Абдулхолиқ Ал-Сабавӣ имрӯз дар вилояти Салоҳиддин, воқеъ дар канори вилояти Найнаво дастгир шудааст. Неруҳои амниятии Ироқ бо баргузории як амалиёти густарда барои комилан аз мусаллаҳони "Ал-Қоида" пок кардани Мосул ва манотиқи ҳамсояи он талош доранд. Дар ин амалиёт ба онҳо низомиёни амрикоӣ кумак мекунанд.