Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати "бабрҳои Тамил" дар шимоли Шри-Ланка


Дар шимоли Шри-Ланка дар задухурд бо нерӯҳои ҳукуматӣ 61 ошубгар аз гурӯҳи "Бабрҳои озодибахши Тамил Илама" ба ҳалокат расиданд. Низомиёни воломақом гуфтанд, ки дар ин даргирӣ 17 сарбози ҳукуматӣ низ ҷон бохтаанд. Дар Коломбо, пойтахти кишвар, ки айни ҳол як ҷашни буддоӣ идома дорад, аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст.

Гурӯҳи “Бабрҳои озодибахши Тамил Илама” аз соли 1983 ба ин сӯ барои ташкили давлати мустақил дар қаламрави шимол ва шарқи Шри-Ланка мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG