Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Раҳмон ва Боқиев дар Хуҷанд шурӯъ шуд


Соати 10-и имрӯз, 16 май, дар шаҳри Хуҷанд дидор ва гуфтугӯи раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон шурӯъ гардид. Ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ, ки аз раванди гуфтугуҳои раисони ҷумҳуриҳо дар Хуҷанд пайгирӣ мекунад, интизор меравад панҷ масъалаи асосӣ, аз ҷумла масоили марзӣ, захираҳои обӣ, сохтмони роҳи мошингард, муборизаи муштарак бар зиди маводи мухаддир ва истифодаи чарогоҳҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор бигирад. Ва мавзуи меҳварии гуфтугуи раисони ду ҷумҳурӣ масъалаи заминҳои баҳсталаб гуфта мешавад. Натоиҷи ин гуфтугуҳо дар матолиби дигари радиои Озодӣ дар давоми рӯз ба шумо пешкаш хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG