Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав маҳфили "лоиқхонӣ" баргузор мекунанд


Бино ба хабари сухангуи дафтари матбуъотии сафорати Тоҷикистон дар Руссия 23-юми май дар толори бузурги Кохи адибони Маскав маҳфили бузургдошти шоъир Лоиқ Шералӣ баргузор мешавад. Бино ба хабари ин манбаъ, маросими мазкур дар чаҳорчубаи омодагиҳо ба ҷашни 1150 солагии Абуабдулло Рудакӣ анҷом мегирад. Дар маҳфили мазкур намояндагони доираҳои адабии Руссияву Тоҷикистон, мутарҷимони осори шоъир, адибон аз кишварҳои ҳамсуд ва Ирону Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин маҳфил ҳамчунин намоишгоҳи аксҳо зери унвони "Лоиқ ва Руссия" ва консерти ҳунармандони тоҷик баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG