Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари бомбгузории худкушонаи як ҳамлавар дар назди дидбонгоҳи полис дар вилояти ҷанубии Фароҳ 16 нафар ба ҳалокат расидааст. Бархе аз кушташудагон кормандони полис ва бархе раҳгузарон будаанд. Наздик ба 14 тани ғайринизомӣ ва даҳҳо нафари полис захмӣ шудаанд. Сухангӯи Толибон, Қорӣ Муҳаммад Юсуф ба хабаргузории "Ройтерз" гуфт, ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG