Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ҳукумати Лубнон дар бораи ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ


Кобинаи вазирони Лубнон аз анҷоми ду тадбир бар зидди шибҳанизомиёни шиъаи Ҳизбуллоҳ худдорӣ кард. Ин нируҳо чанд руз даст ба хушунат заданд. Кобинаи Лубнон, ки аз ҷониби кишварҳои Ғарбӣ ҳимоят мешавад, гуфтааст, ки ин корро ба хотири ҳифзи сулҳ ва оромии мардум барои худ маҳфуз медорад. Ҳафтаи гузашта миёни ҷонибдорони давлат ва гуруҳҳои мусаллаҳи Ҳизбуллоҳ, яъне мухолифони давлати Лубнон задухурд анҷом гирифт, ки дар натиҷа 60 нафар кушта шуданд. Ин даргириҳо замоне рух дод, ки ҳукумати Лубнон гуфт, ба шабакаи телефонии Ҳизбуллоҳ расидагӣ ва раиси амнияти фурудгоҳи Бейрутро аз мақомаш барканор мекунад, зеро вай бо гуруҳҳои ҳизбуллоҳӣ иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG