Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида номзадии Ҷон Байерлиро ба мақоми сафири кишвар дар Русия пешбарӣ кард. Айни ҳол Байерлӣ сарварии намояндагии дипломатии Амрико дар Булғористонро бар дӯш дорад. Ӯ дипломати собиқадор аст ва аз ин пеш дар мақоми муовини сафири Иёлоти Муттаҳида дар Маскав ифои вазифа кардааст.
Акнун номзадии Ҷон Байерлӣ бояд аз сӯи Сенати ИМА пазируфта шавад.