Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дар порламон ба мухолифон курсӣ медиҳад


Александр Лукушенко-раиси ҷумҳури Белорус мегуяд, вай умедвор аст, ки дар интихоботи порламонии моҳи сентябр чанд курсиро ба намояндагони мухолифон диҳад, то аз интиқодоти гуруҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар раҳо шавад. Лукашенко ба Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор додааст, ки ба таҳримҳои Амрико бар зидди Белорус ҳамроҳ нашавад, зеро Белорус қаламрави тронзити гози Руссия ба Аврупо мебошад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико Лукашенкоро муттаҳам мекунанд, ки вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба тақаллуб роҳ додааст.
XS
SM
MD
LG