Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Навоз Шариф аз кобина хориҷ мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз ҳизби сарвазири собиқи Покистон Навоз Шариф ба далели ихтилофи назарҳо бар сари масъалаи таъйини дубораи қозиёни аз сӯи президенти Покистон Парвиз Мушарраф барканоршуда расман аз ҳайъати кобинаи эътилофии вазирон хориҷ шавад. Навоз Шариф гуфт, бо ин вуҷуд, ҳизби ӯ пуштибониаш аз ҳукумати феълиро вобаста ба масоиле, ки пеш меоянд, идома хоҳад дод.

Ҳизби Навоз Шариф ва ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто, ки сарварии кобинаи вазирони Покистонро бар ӯҳда дорад, ҳарду ҷонибдори дубора ба мақомҳояшон барқарор кардани ҳудуди 60 қозие ҳастанд, ки Мушарраф онҳоро барканор кардааст. Вале ин ду ҳизб дар мавриди шеваи ба мақомҳояш барқарор кардани он қозиён ихтилофи назар доштаанд.

XS
SM
MD
LG