Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теотрҳои тоҷик ба ҷашнвораи Порис мераванд


Теотрҳои Тоҷикистон 19 май дар ҳамоиши байалмиллиии «Баҳори Порис» дар пойтахти Фаронса ширкат меварзанд. Мирзошоҳрух Асроров-вазири фарҳанги Тоҷикистон ба матбуъот гуфтааст, ҳунармандони 3 теотр, яъне теотри русии ба номи Маяковский, теотри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва теотри ба номи Лоҳутй барои ширкат дар ин ҷашнвораи теотрии Порис омодагй мегиранд. Қарор аст намоишномаи коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдуразоққов бо номи «Иқрор» дар 3 шаҳри Фаронса, аз ҷумла дар Порис, ба намоиш дарояд. Гуфта мешавад дар ҷашнвораи мазкур инчунин гуруҳҳои ҳунарй аз Фаронса, Лаҳистон, Ҳолланд, Амрико, Конодо, Юнон, Сербистон, Чех, Руминия ва Словения ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG