Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Мянмар кумаки башарӣ фиристод


ИМА аввалин бахши кумакҳои башарӣ ба мардуми офатзадаи Мянмарро ирсол намуд. Феълан шумораи қурбониҳо аз тӯфони ибтидои моҳи равон ба 28000 нафар баробар дониста мешавад. Мақомоти Мянмар мегӯянд, сарнавишти даҳҳо ҳазор нафар маълум нест. Эҳтимол онҳо ба ҳалокат расида бошанд.
Имрӯз ҳавопаймои нақлиётии С-130 бо кумакҳо аз пойгоҳи ҳавоӣ дар Таиланд озими шаҳри Янгуни Мянмар шуд.
Тахмин мешавад, ки ду ҳавопаймои дигар рӯзи сешанбе ба Мянмар мераванд. Ирсоли кумакҳо баъди музокироти мақомоти ИМА бо ҳокимони низомии Мянмар сурат мегирад. Вашингтон борҳо Мянмарро бо поймол намудани ҳуқуқи башар муттаҳам кардааст.
Созмонҳои байналмилалии хайрия ҳушдор додаанд, ки таъхири интиқоли кумакҳо ҳаёти беш аз як миллион нафар шахси наҷотёфтаро бо хатари бемориҳо ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG