Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари марг ба ҷони 1,5 миллион нафар


Муаасисаи хайрияи Оксфами Бритониё ҳушдор дод, агар ба зудӣ осебдидагони фалокати табийи Мянмар бо оби пок ва хадамоти беҳдоштии муносиб таъмин нашаванд, якуним миллион нафар дар ин кишвар ҳалок хоҳад шуд. Муассисаҳои хайрия аз ҳукумати низомии Мянмар тақозо доранд, то онҳоро барои тақсими ғизо ва доруворӣ ба кишвар роҳ диҳанд. Ҳукумат мегӯяд, ки худаш тамоми ёриҳои башариро ба даҳҳо ҳазор мардуми мӯҳтоҷ тақсим мекунад, ҳарчанд бар асоси гузоришҳо мақомоти расмӣ дар тавзеъи маводи лозимӣ ба мардуми мусибатзада, таъхир мекунад.
XS
SM
MD
LG