Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тӯфони вайронгари ахири ҳафтаи гузашта дар Мянмар 1 миллион нафарро дар ин кишвар бехонаву дар гузоштааст. Ричард Ҳорсӣ - сухангӯи Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал, гуфт, 5 ҳазор километри мураббаъ дар ҳавзаи рӯдхонаи Ирравадӣ зери об боқӣ мондааст. Бар асоси омори ахир, тӯфон, 22 500 нафарро ҳалок ва 41 ҳазор нафари дигарро бенишон кардааст. Баъзе аз ин муассисаҳои имдодӣ ба шаҳри осебдидаи Янгон ворид мешаванд, аммо гурӯҳҳои дигари хайрия ҳанӯз ҳам мунтазиранд, то ҳукумати низомии Мянмар ба онҳо иҷозаи вуруд бидиҳад.