Имруз райдиҳандагон дар иёлоти Индиана ва Каролинаи Шимолии Амрико дар интихоботи муқаддамотӣ барои интихоби номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Демократ рай хоҳанд дод. Агар дар ин ду аёлат Ҳилларӣ Клинтон пирузӣ ба даст орад, метавонад муборизаро барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурии Амрико идома диҳад. Вале, агар дар ин ду аёлат Борак Обама пирӯз шавад, дар он сурат шонси Ҳилларӣ Клинтон хеле кам хоҳад шуд.