Имрӯз ҳамсари президенти Ироқ Ҷалоли Толабонӣ аз як ҳамла ҷон ба саломат бурд. Ҳангоми ҳаракати корвони ҳамсари президент дар назди театри Бағдод бомбаи канори роҳ мунфаҷир гашт. Ҳиро Иброҳим Аҳмад: ҳамсари Толабонӣ ҷароҳат набардошт, вале чор муҳофизи ӯ маҷрӯҳ шуданд.
Маълум нест, ки ҳадафи бомбагузорӣ кӣ буд.