Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 4 сарбози ИМА ва 2 низомии гурҷӣ дар Ироқ


Дар Ироқ бар асари чанд ҳодисаи ҷудогона 4 сарбози амрикоӣ ва 2 низомии гурҷӣ кушта шуданд.
Ба қавли низомиёни ИМА 4 сарбози амрикоӣ рӯзи 2-уми май дар вилояти ғарбии Анбор аснои таркиши бомбаи канори роҳ ба ҳалокат расиданд.
Вазорати мудофиаи Гурҷистон мегӯяд, рӯзи ҷумъа мошини низомиёни ин кишвар дар минтақаи Диёло, воқеъ дар 35 километрии Бағдод бо маводи тарканда бархӯрд. Бар асари таркиш ду сарбоз ба қатл расиданду як нафари дигар маҷрӯҳ шуд.
Тибқи гузоришҳо ин аввалин талафоти гурҷиҳо дар Ироқ мебошад. Сарбозони Гурҷистон сар аз соли 2003-ум дар Ироқ мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG