Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс дар Ховари Миёна


Бо ҳадафи ташвиқи музокироти сулҳи Исроилу фаластиниҳо котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ба Ховари Миёна сафар кардааст.
Пешбинӣ мешавад, ӯ аз ҳар ду ҷониби музокирот имзои созиши умумӣ то охири соли равонро талаб хоҳад кард. Музокироти сулҳи Ховари Миёна моҳи ноябр оғоз ёфта бошанд ҳам, то кунун пешрафти назаррасе ба даст наовардаанд.
Рӯзи шанбе дар арафаи зиёрат аз Исроил Райс гуфт, ӯ аз исроилиҳо дархост мекунад, посгоҳҳои ахиран бунёд намудаашонро аз байн баранд. Ин посгоҳҳо дар соҳили ғарбӣ қарор дошта, ҳамчун камари амниятӣ бар зидди ҳамлаҳои ҷангҷӯён истифода мешаванд.
Ҳамчунон ӯ гуфт, аз фаластиниҳо дархост мекунад, барои ҷилавгирии ҳамлаҳои ҷангҷӯён болои Исроил талоши бештар варзанд.
Қабл аз сафари Ховари Миёна Райс дар Лондон бо ҳайъатҳои сарпарастони боқимондаи раванди сулҳи минтақа: СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия вохӯрд. Райс аз донорҳои байналмилалӣ ва ба хусус кишварҳои араб тақозо кард, ваъдаҳои ба фаластиниҳо додаашонро иҷро кунанд.

XS
SM
MD
LG