Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун ҳамла дар Кобулро маҳкум кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ҳамлаи ситезаҷӯёнро ба намоиши ҳарбӣ дар Афғонистон маҳкум кард. Президенти афғон, Ҳомид Карзай, ки дар ин намоиш ширкат дошт, аз инфиҷори мушакҳо ва тирандозиҳо беосеб берун омад, аммо се нафар, аз ҷумла як узви порлумон кушта ва наздик ба 10 тан маҷрӯҳ шуданд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва мегӯяд, дар он шаш ҳамлвар ширкат карданд, ки се тани онҳо кушта шуд. Тафсилоти бештарро дар идомаи барнома хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG